БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Мавсуф ҷиҳати мушаххас кардани ҳувияти хеш ғалабаи ҳувияти амрикоиро таъкид намуда, қасди худро аз нигоштани ин рисола дар посух додани суоле мебинад, ки “чи чизе амрикоиҳоро ба унвони як миллат муттаҳид карда ва чи чизе онҳоро аз соири мардум мутамоиз намудааст?”61.
Гузашта аз ин, зимни баррасии вижагиҳои ҳувияти хос ба амрикоӣ, Ҳантингтон аз истифодаи бархе ибораҳо чун “миллати ҷаҳонӣ” ва “абарҳувият”62 бо самимият ҳарф зада, мутазаккир мешавад, ки сияҳпӯстони амрикоӣ низ бинобар амрикоӣ будани худ ифтихор доранд.
Ҳантингтон маънии ҳувиятро чунин тасвир кардааст: “Ҳувият иборат аст аз худогоҳии фард ё гурӯҳ ва маҳсули худшиносӣ буда, дар ин маънист, ки ман ё шумо вижагиҳои хосе дорем, ки манро аз шумову шуморо аз онҳо мутамоиз менамояд”63. Аммо ҷомеашинос зимни баррасии мавзуъ амрикоиву аврупоиро дорои ҳувияти воҳид пиндошта, онҳоро дар муқобили
60 Хантингтон С. Кто мы? Вызовы американской национальной идентичности, - М.: АСТ, 2004, - 635 с.
61 Ҳамон ҷо, с. 26.
62 Хантингтон С. Столкновение цивилизаций, - М.: АСТ, 2016, - 640 с.
63 Хантингтон С. Кто мы? Вызовы американской национальной идентичности, - М.: АСТ, 2004, - с. 51.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё