БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҳувияти фарҳангӣ огоҳӣ аз мансуб будани фард ба як ҷомеаи фарҳангии хос аз тариқи худшиносӣ бо намунаҳои фарҳангии он аст.
Дидгоҳҳои мухталифе ҷиҳати баррасии нақши ҳувияти фарҳангӣ вуҷуд дорад. Бархе аз муҳаққиқон онро унсури аслии ташкилдиҳандаи ҳувияти инфиродӣ медонанд, дар ҳоле ки дигарон онро яке аз ҷанбаҳои ҳувияти иҷтимоӣ пазируфтаанд. Гузашта аз ин, ҳувияти фарҳангӣ бидуни таҳқиқи тамаддунҳо қобили қабул нест ва дар шароити ҷиҳонишавӣ низ ағлаб муҳаққиқин ба ҷуз ҷомеашиносони олмонӣ муътақиданд, ки фарҳанг тамаддун аст ва бархурди тамаддунҳо аз авомили рушд ва тараққии ҷомеаҳои муосир мебошанд. Аммо мушкилӣ ҷиҳати баррасии тамаддунҳо мекунанду ҳатто бо он махлут мегарданд, лек боз тамаддунҳое ҳастанд, ки дар муқовимат бо тамаддуни Ғарб қарор доранд. Дар ҳақиқат, тавре ки Э. Эриксон менависад, амрикоиҳо кишвари худро ҳамчун “ватан” ба маънои мустақим ва “сарзамини ниёгонашон” дарк намекунанд. Онҳо ин кишварро қариб бо алам, ғайримантиқӣ ва воқеъбинона дӯст медоранд. Аммо Самюэл Ҳантингтон муаллифи китобест, ки “Мо кистем? Чолишҳои ҳувияти миллии Амрико” ном дорад ва дар пешгуфтор мусанниф қайд кардааст, ки таълифоти хешро “ба вижагиҳои ҳувияти миллии амрикоӣ ихтисос додааст”60.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё