БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

омӯзиш ва ҷустуҷӯи яксолорӣ мебахшанд ва онҳо ин корро гӯё дар берун ва аз он гурӯҳе, ки онҳо тарк кардаанд, зиндагӣ мекунанд.
Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба захираи фарҳанги воҳид ворид шуда, таҳкурсии миллатро эҷод мекунанд, ки дар навбати аввал аз фарҳанги миллӣ иборат буда, дар қиёс бо фарҳанги этникӣ мутафоввит мебошад. Чунки ҳамаи фарҳангҳои этникӣ қобилияти мутобиқшавӣ бар муҳити иқомати хешро дошта, табиат, таърих, муҳити иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ, илму техника ва ҳоказоро дар бар мегирад ва чун инсонҳо раванди баҳамоии худро дарк менамоянд, ҷараёни густариш оғоз ёфта, қонешавии эҳтиёҷҳои инфиродӣ боис мешавад, ки бинобар роҳандозӣ шудани ҳадафҳои умумӣ онҳо ба фаъолият шуруъ кунанд. Дар натиҷа, ин фаъолият ба ташаккули маҷмӯаи нодири фарҳангӣ мерасад, ки на фақат дар замон маҳфуз мемонад, балки аз насле ба насли дигар аз ҳисоби ҷамъшавии гуногунии фарҳангӣ мерос мемонад.
Маҳз ҳамин омил фарҳангҳои этникиро ба ниҳоде мубаддал месозанд, ки мисли ҳамдигар набуда, яке дар қиёс бо дигарӣ мутафоввит мебошад. Феълан, дар ҷаҳон фарҳангҳои воҳиди этникӣ дар ҳоли хатарзо қарор дошта, бо дарназардошти вижагиҳои хеш дар бархурд бо фарҳангҳои ҷаҳонӣ қарор доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё