Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

худогоҳии муслимин мегузорад, дар ҳоле ки заъфи ҳувияти фарҳангии кишварҳои исломӣ дарки номақбули миллат маҳсуб мешавад, ки мансубияти миллии худро дар пояи бовариҳои динӣ хулоса кардаанд. Вале Ҳантингтон ин ҳақиқатро пинҳон гузошта, барои бартарӣ додани худиҳо бар бегонаҳо кӯшиш менамояд.
Инак он муқобилгузорӣ: “Аҳамияти ҳувияти миллӣ дар фарҳангҳои гуногун ба тариқи мухталиф дарк мешавад. Ҷаҳони ислом бо тавзеҳи ҳувиятҳо ба шакли U мушаххас мешавад:
қавитар тааҳҳуди комил ба хонавода ва ҳамчунин, тааҳҳуд ба ислому уммати он; вафодорӣ ба миллату давлат байни ин қутбҳо нуҳуфтааст ва нисбатан заъфи худро нишон медиҳад. Дар ҷаҳони Ғарб баръакс, барои ду нафар дар қуруни гузашта тавзеҳи ҳувиятҳо шабеҳи як U нақшгузор ба назар мерасад:
миллат дар болои ин рақам далолат бар вафодорӣ ва фидокории амиқ, вафодортар аз вафодорӣ ба хонаводаву имон дошт”64. Бо вуҷуди дидгоҳҳои мазкур мусаннифи рисолаи басе маъруф иқрор мекунад, ки ҳастӣ аз нестӣ пайдо шуда, боз пас аз муддате дар нестӣ маҳв хоҳад шуд. Бинобар ин, зимни таҳқиқи фарҳанги

64 Хантингтон С. Кто мы? Вызовы американской национальной идентичности, - М.: АСТ, 2004, - с. 20.

пешина
аз 303
навбатӣ