БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

амрикоӣ, ки аз нигоҳи ӯ дар пояи протестантизми бритонӣ бунёд ёфтааст, ба чунин хулосае меояд:
“Фарҳанги амрикоӣ дар муҳосира аст. Буҳрони ҳувияти миллӣ дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, яъне, вижагиҳои ҷаҳониро дорост”65.
Васоити фарҳангӣ аз қабили афсонаҳо, сурудҳо, китобҳо, мақолаҳо ва ғайра дар маҷмуъ хотираи таърихиро ташкил медиҳанд. Хотираи таърихӣ қобилияти пурасрорест, ки ба ҳар шахс хос аст. Ин қобилият дар амали дуҷонибаи муайян кардани таърих дар худ ва худ дар таърих роҳандозӣ мешавад. Ҳамчун қобилияти маънавӣ, хотираи таърихӣ фаъол аст, яъне нисбат ба мундариҷаи объективии он бетараф нест. Аз хотираи таърихӣ маҳрум кардани шахс аст ва ӯро аз худмуайянкунии маънавӣ маҳрум кардан, яъне маҳви шахсияти ӯст. Дар марҳилаҳои поёнии ҳаёти таърихӣ хотираи иҷтимоӣ умуман вуҷуд надорад. Хотираи иҷтимоӣ дар давраи аввали мавҷудият тасодуфӣ мешавад. Ҳар гуна таълимоти сиёсӣ ба хотираи таърихӣ муроҷиат мекунад ва агар ин хотира дар наслҳо ё минтақаҳои гуногун ба ҳам мувофиқат накунад, пас ин таълимоти сиёсӣ имкониятҳои гуногуни муваффақиятро хоҳад дошт. На танҳо С.
Ҳантингтон, балки муҳаққиқони дигар низ сатҳи мушаххаси муттаҳидшавии мардумро дар
65
Хантингтон С. Столкновение цивилизаций, - М.: АСТ, 2016, - с. 16.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё