БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

қудратҳои ҷаҳонӣ истифода карда, муслиминро
фарсахҳо аз фарҳангу тамаддуни муосир дур
мепартоянд. Суоле пайдо хоҳад шуд, ки ғарбӣ чӣ
мехоҳад? Шояд аз хостаҳои ӯ ин бошад, ки ғайри
ӯ бар ӯ мутаваҷҷеҳ шавад, аммо ҷалби бегона бар
худ аз ормонҳои Ғарб нест. Онҳо бо
дарназардошти фалсафаи постмодернизм талош
доранд бартарии хешро аз соири ҷомеаҳои
барояшон бегона қавӣ гардонанд. Бинобар ин,
дар аҳди баҳамоии фарҳангҳо ва масоили
меросбарии фарҳангӣ ихтилофи мазҳабии
кишварҳо эҳё мегардад. Тибқи андешаронии
ҷомеашинос Шоназар Шоисматуллоев,
“аслитарин арзишҳои маънавӣ барои фарҳанги
суннатӣ, ки густариши онҳо садсолаҳо давом
пазируфтаанд, садоқати холис ва ҳубби Ватан
ҳастанд”175. Номбурда фарҳанги ашхоси
солхурдаро аз ҷавонон мутафовит медонад ва
муътақид мебошад, ки фарҳанги насли ҷавон дар
ҳоли номуайянӣ қарор дошта, омили ташаккули
якчанд хурдафарҳангҳо дар ҷомеаи муосири
тоҷикистонӣ гардидааст. Ҷаҳони муосир чунон
печида ва номуайян аст, ки ҳатто дар масъалаҳои
робитаи байни давлатӣ мавқеи ин ё он давлатро
ташхис намудан амри муҳол гардидааст. Дар
вебгоҳи АМИТ мақолаи ҷомеашинос интишор
шуда, ин иқтибос аз он мақола аст, ки ҷиҳати
175 Шоисматуллоев Ш. Таджикистан в годы независимости: социальные и социокультурные трансформации, - Душанбе: Дониш, 2018, - с. 81.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо