Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ҳувиятшиносии ҷавонон навиштаи беҳтарин маҳсуб мешавад: “Ҳувияти миллӣ ин алоқаҳо, салиқаҳо, андешаҳо, ойинҳо ва арзишҳои муштарак дар як ҷомеа мебошанд. Ҳоло се дидгоҳ: миллӣ, динӣ ва ғарбӣ дар ҷомеа нисбат ба таърифи ҳувият мавҷуд аст. Ҳувияти фардӣ ва иҷтимоӣ, ҳувияти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра, падида ва унсурҳои асосии ба вуҷудоваранда ва шаклдиҳандаи ҳувияти миллӣ мебошанд. Масъалаи мубрам ва мураккаби имрӯза барои ҳар як миллат дар раванди худшиносӣ ҳифз ва нигоҳдошти ҳувияти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонгароӣ мебошад.
Хатари асосии ҷаҳонгароӣ бо унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ: забон ва фарҳанг мерасад.
Масъалаи асосие, ки дар ин замина пешорӯйи миллат қарор мегирал, роҳ надодан ба бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва беэҳтиромӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат парвариши шахсиятҳои фарҳангии худогоҳ, асил, парварда бо ормонҳои волои ҷомеаи анъанавӣ ва ғояҳои бузурги замони нав, миллатпарвар, меҳнатдӯст ва фидокор, нахустин ва муҳимтарин марҳалаҳои худшиносии иҷтимоию маънавӣ ва худогоҳии миллии шахс дар рафти таҳсилоти миёнаву олӣ бояд бошад.
Тарбияи шахсиятҳои миллии ҷаҳоншумул, донанда ва дорандаи фарҳанги миллӣ, асолату ҳувияти миллии тоҷикон чун маҷмӯи унсуру арзишҳои тоисломӣ, исломӣ, шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ ба манфиати ҳамагон аст.

пешина
аз 303
навбатӣ