Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

маорифпарвар Аҳмади Дониш рӯ меорем.
Мавсуф дар “Меёр-ут-тадайюн” ба масъалаи тафовути неку бад дахолат дошта, онро омили худогоҳӣ медонад: “Пас, он камол, ки ба худ гумон карда, аз фарти татаббӯъ ва варақгардонӣ ва донише, ки ба худ иснод менамоӣ, бедори хоболуда аст, ки тамизи неку бад натавонад кард”173. Аҳмади Дониш на танҳо ихтилофи байни мазҳабии муслиминро баррасӣ мекунад, балки аз ин муноқишаҳо дуртар рафта, ихтилофи адёнро низ таҳқиқ менамояд ва ҳамчунин ба хулосае меояд, ки аз ихтилофи мазҳабҳо як идда афроди манфиатҷӯ истифода карда, ин ихтилофро ба ҳадди ҷангу хархаша мерасонанд.
Махдуми Бухорӣ дар иртибот бо нигораҳои мазҳабии Мирзо Абдулқодири Бедил чунин мегӯяд: “Одамӣ, ки бори таклиф ба дӯш дорад, ба ҳазор меҳнату машаққат ҳамоғӯш, агар дар авқоти шабу рӯз соате ба заъми худ фароғат ёбад, дар ин соат кори ӯ тавбату инобат ва истиғфор аст, бояд ки тадоруки нуқсону ҷароими хеш кунад, на ки ба мадҳу замми хешу бегона ва шумора кардани неку бади ғайр ин соатро зоеъ кунад ва маъсам бар масоим афзояд”174. Ин ихтилофи мазҳабӣ, ки 150 сол муқаддам вуҷуд доштааст, айни замон дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф идома меёбанд, аммо аз ин ихтилофҳо

173
Аҳмади Дониш. Меъёр-ут-тадайюн, - Душанбе: Эр-граф, 2010, - с. 56.
Аҳмади Дониш. Меъёр-ут-тадайюн, - Душанбе: Эр-граф, 2010, - с. 155.

пешина
аз 303
навбатӣ