Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ғазнавӣ ҳатто аслу насиби турку муғулии худро инкор кард ва монанди Сомониён муддаӣ буд, ки Баҳроми Чубин аз ниёкони дури ӯст, хонҳои Қарахонӣ таҳти таъсири достонҳои ҷовидонии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, худро аз табори Афросиёб медонистанд. Вале ҳамон гуна, ки маълум аст Афросиёб набераи Фаридун буд ва дар шарёни ӯ хуни туркӣ набуд. Аз манобеи хаттӣ мо медонем, ки донишмандони форсу тоҷик барои хонҳои мухталифи турку муғул ойинномаҳо ва дастуруламалҳои гуногуне таҳия мекарданд, дар бораи созмони давлат ва шеваҳои идораи он китобҳо менавиштанд”157.
Ба андешаи Вамбери, фарқи тоҷик аз дигарон нақши фарҳангофаринӣ буд, ки тоҷикон дар таърих мерос гузоштаанд. Дар замони муосир ин нукта мушаххас аст, ки фарҳанг новобаста аз ҷанбаҳои тааллуқии худ гузаштаи худро бозофаринӣ мекунад ва онро мутобиқ ба меъёрҳо ва талаботи нав дар заминаи иҷтимоӣ бозсозӣ менамояд. Ҳар навоварие, ки вижагиҳои фарҳангӣ дошта, вориди майдони иҷтимоӣ шуд, ҳатман ном иваз карда, ба як унсури дарунии фарҳангӣ табдил меёбад. Фарҳанг дар шаклҳои гуногун бозтавлид мешавад, чунки он бо вижагиҳои мухталифи хеш ғайритабиӣ буда, маҳсули тафаккури инсонҳост. Бинобар ин,

Масов Р. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”, с. 116.

пешина
аз 303
навбатӣ