БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Нуфузи забони порсӣ дар Тоҷикистон эҳсос мегардад ва бо дарназардошти Афғонистон, ки дар он пуштуҳо, тоҷикҳо ва дигар милал иқомат мекунанд, аҳолии шаш кишвар мусалмон мебошанд. Аммо барои муддати тӯлонӣ бисёре аз онҳо таҳти нуфузи Эрон, Туркия ва имперотурии Русия буданд, вале ин таҷриба рӯҳияи манофеи муштаракро дар онҳо тақвият набахшидааст”156.
Падидаи дигар аз зуҳури нохудогоҳии фарҳангӣ фарҳанграбоӣ аст. Фарҳанги бегонаро чун фарҳанги миллӣ муаррифӣ кардан барои миллатҳое тааллуқ дорад, ки дар таърих аз фарҳанги дигарон баҳравар шудаанд ва фарҳанги миллии онҳо айни замон рақобатпазир нест.
Ҳамчунин, шахсиятҳои ба худ бегонаро аз худ пиндоштан ва баҳси одамрабоии маънавӣ низ натиҷаи заъфи фарҳангист. Ба қавли академик Раҳим Масов, чунин омилҳои рӯоварии бегонагон ба фарҳангу афроди ориётабор дар гузашта низ эҳсос мегардад: “Султон Маҳмуди
Бжезинский З. Великоешахматное дела, - М.: АСТ, 2018, 368 с.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо