Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Махсусан, дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф раванди муосирсозӣ чӣ бо ихтиёрӣ ва чӣ бо истифода аз ҷабр далели мусоидат ба омехташавӣ маҳсуб мешавад.
То кунун теъдоде аз мушкилоти марбут ба ҷаҳонишавӣ ва ҳувияти фарҳангӣ ҳануз ба таври комил омӯхта нашудааст. Ба вижа, маводи фарогире ҷиҳати пажӯҳиши зидди ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти мушкили зеҳният хеле кам ҳастанд ва бо сабаби камтаваҷҷуҳӣ ба арзишҳои суннатӣ маводи қонеъкунанда низ таҳия нагардидааст. Тамоили мазкур аз он иборат аст, ки айни замон густариши ҳувияти нави фарҳангӣ мушоҳида мешавад ва бинобар таҳоҷуми иттилоотӣ, ки сартосари ҷаҳони муосирро фаро гирифта, аввал таҳмилу таъсири тамаддуни ғолиб бар инсонҳо ва аз ҷониби дигар фарҳангсолорӣ, фарҳанграбоӣ ва фарҳангсозӣ дар сатҳи милалу дували рушдкунанда мушоҳида мешавад. Махсусан, ҷониби дувум аҳамияти таърихӣ дошта, намунаҳои онро ҳангоми омӯхтани таърихи башар таҳқиқ мекунем.
Гузашта аз ин, ҳар кишвари минтақа ҷиҳати эҳё намудани фарҳанги миллӣ ва такмили ҳувият дар инсонҳо ба фарҳанграбоӣ пардохта, меъёрҳои мавҷудбударо убур кардаанд. Масалан, қазоқҳо Абулбашарро қазоқ ва туркманҳо худро нахустин сокинони Осиёи Марказӣ изҳор намуда, бо чунин тавзеҳдиҳӣ ва ба ворисиятгирии хотираи фарҳангӣ дар байни миллатҳо эҳсоси бадбинӣ нисбат ба ҳамдигарро эҷод менамоянд.

пешина
аз 303
навбатӣ