БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Мушкилии асосӣ дар густариши ҳувияти фарҳанги миллӣ барои тоҷикон таҳқиқи тамаддунест, ки онро ориёиҳои қадим офаридаанд ва бидуни чашмдошт ба иллати таассуби мазҳабӣ орифу оммии ин миллат аз хотири мутлақият дар ҷаҳонбинии динӣ аз фарҳанг ва тамаддуни қабл аз исломии худ ибо мекунанд. Маҳз розҷуии динӣ ва майл бар хурофот тоҷиконро аз мутаҳҳидшавӣ боздошта, намегузорад, ки онҳо чун миллати воҳид арзи ҳастӣ кунанд. Дар таърих бештар ду навъи тафаккур тақвият ёфтаанд: яке ориёӣ ва дигаре сомӣ. Фикри ориёӣ дар сангнабиштаҳои мехӣ, осори маслаки Зартушт, Монӣ ва Маздак, ҳамчунин, дар андарзномаҳои паҳлавӣ инъикос шуда, беш аз андешаҳои ҳоким дар аҳди бостон вижагиҳои дунявиро татбиқ намудаанд.
“Абасто”, “Динкарт”, “Бундаҳишн” ва баъдан, дар осори паҳлавӣ чун “Аёткори Зарирон”, “Менуи хирад”, “Шаҳристони Эрон” ва амсолашон агарчи гетиороӣ чун роҳи пок тавсеа намешавад, вале дунё мазаммат нагардида, масъалаи тарки он низ матраҳ наёфтааст.
Бинобар фикри мазкур неку бад дар дунё содир гардида ва макони баррасӣ ё баҳогузорӣ ба онҳо ҳамин дунёст, чунки кирдору рафтору пиндори нек аз хотири дунёст, ки он ҷо башар ҳаёт ба сар мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё