БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аҳамияти ақидаҳои Зигмунд Фрейд дар ин бобат хеле муҳим аст.
Фрейд ғайрро реша ва ибтидои тамоми харакатҳои иҷтимоӣ медонад. Аз сӯйи дигар, экзистенсиализм ва феноменология чун ду ҷунбиши муҳими фалсафии мудерн ба мушкилӣ ва ногузирии инсонӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ибтидои садаи XX Зигмунд Фрейд суоли муҳимеро ба миён гузошт: Оё он чизе ки ман ҳамчун "ман" медонам, воқеан "ман" аст?!
Номбурда бо таъкид бар аҳамияти зеҳнӣ дар ташаккули шахсият ва муайян кардани рафтору кирдор ва ангезаҳои фард, дарки ғайри шуури шинохти инсониро таъкид кардааст. Фрейд ба мо таълим дод, ки шуур бисёрҷанба аст ва гузашта ҳамеша дар сатҳи ҳозира ҷараён мегирад ва назари моро ба ҷаҳони имрӯза ранг медаҳад. Ин услуби нигориш вокуниш аст ва нимаи дувуми садаи XIX дар кишварҳои Ғарб тарзи таҳқиқ вижагиҳои интиқодӣ касб карду танқиди ошкоро омили таблиғ шуд. Бояд иқрор намуд, ки дар заминаи бархурдҳо ва ҳамоҳангии байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо омезиши аносири фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир мушоҳида мешавад ва оқибати чунин омехташавӣ бояд ба густариши фарҳангҳои хос бо дарназардошти аз байн рафтани фарҳангҳои кучак биоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё