БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Баъзеҳо мудернро ба таври дигар таъриф кардаанд, чунки бисёриҳо боварӣ доранд, ки муосирият замони ғалаба аст. Ақли инсонӣ бар эътиқоди суннатӣ (асотирӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва ғ.) ва замони инкишофи афзоиши афкори илмиву ақлӣ дар пероҳани нохудогоҳии пай дар пай, аммо муосирият аслан маҷмӯаи фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ мебошад, ки тақрибан аз асри XV - ва беҳтараш, аз пайдоиши нуҷумшиносии муосир, ихтирооти табъу нашр ва кашфи қитъаи Амрико - то имрӯз давом кардааст. Аз рӯйи ин ду таъриф, замони мудерн дар Аврупо аз Эҳё оғоз мешавад.
Инқилобҳои зеҳнӣ ва илмии Г. Галилей, Т. Гоббс, И. Нютон, К. Лейбнитс ва Р. Декарт афзудани тафаккури муосирро дар ин айём ифода мекарданд. Воқеан, бо дарназардошти тарҳи нави ҷудошавии улум дар замони Эҳё улуми табиӣ аз фалсафа ва соири қонунҳои табиӣ заминаи ихтисосӣ пайдо карданд, аммо ин ки мо мегӯем, ки фаҳми пурраи физикаи квантӣ ғайриимкон аст, ҳамон назарияи арастуиро бозгӯ мекунем, ки фарзияи донистану надонистани олам матраҳ мешавад. Чунки дар пажӯҳиш ҳеҷ фарзия истиқлол надорад ва яке идомаи дигарӣ маҳсуб мешавад. Дигар ин ки таҳқиқи муосир агар алайҳи пажӯҳиши пешиниён намебуд, мо навовариро дар улуми табиатшиносӣ мушоҳида намекардем, чунки илм дар асли хеш дар заминаи инкор рушд мекунад ва дилхоҳ ҷомеа низ агар бо гузаштаи хеш бо диди тасодум барнаояд, ҳастии хешро таъмин намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё