БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Суйиистифода шудани дину мазҳаб низ аз хотири ҷалб намудани афроди мазҳабӣ нисбат ба мақсадҳои геополитикӣ буда, амалан татбиқ сохтани ормонҳои сиёсии абарқудратҳост. Геополитика дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки бартарии иқтисодиву фарҳангии худро аз соири давлатҳо таъмин намуда, ҷиҳати татбиқи он боз раванди дигареро бо унвони “ҷаҳонисозӣ” бар дӯши кишварҳо вогузоранд. Дигар калидвожаҳое ҳастанд, ки аз дидгоҳи давлат ва ҳуқуқ дар чандин маънӣ истифода мегарданд, аммо истифода аз истилоҳи “давлатдорӣ” ба қавли доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода бояд бамаврид бошад. Диди тамаддунии типологияи давлат, дар таълимоти Арнолд Тойнби зимни баррасии тамаддунҳои худмухтор баррасӣ ёфтааст. Мавсуф бо истифода аз баъзе критерияҳо, чун дин боз 13 тамаддунҳои мустақилро ҷудо карда, дар баробари тамаддуни арабӣ эрониро низ зикр менамояд.
Назарияпардозони муосир консепсияҳои мукаммали фалсафаи муосириятро таҳия намуда, ҷиҳати ба буҳрон гирифтор омадани ҳувияти фарҳангӣ ва соири ҳувиятҳои дигар дидгоҳҳои мухталифро ироа намудаанд. Мудерн фаҳмиши нави вақт ва фазо аст: суръат, ҳаракат, иртибот, сафар, динамизм, нооромӣ ва инқилоби фарҳангӣ вижагиҳои аҳди интиқодӣ дар таърихи муосирият мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё