Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

калидвожаҳое чун қудрат, давлат, сиёсат,
иҷтимоъ ва ғайра бояд истилоҳи ҳамоҳангеро
интихоб мебояд кард, ки нигошта бо илм
бархурд пайдо накунад. Масалан, қудрат сиёсӣ
аст ва онро давлатӣ пиндоштан аз ғалатҳоест, ки
зимни таҳқиқ бар хеш раво мебинем. Ба наздикӣ
ҷиҳати нашр мақолае оварданд, ки “Амири
беватан” унвон дошт, аммо амир қаблан
ватандор аст ва агар дар ҳоли фирор қарор
дошта бошад, пас ӯро амири фирорӣ бояд гуфт,
на амири беватан, чунки амир дар ҳеҷ сурат
беватан намегардад. Вале бояд иқрор кунем, ки
олиҷаноб Иммануил Кант, ки дар Ғарб инқилоби
маънавиро роҳандозӣ кард, рӯоварие бас
иғвогарона ба динро ошкор гардонид, чунки
иғво аз хотири мудохила аст ва онро беш аз пеш
дар пӯшиши дину мазҳабҳо истифода намуда,
барои миллатҳои оҷиз таҳмил мекунанд, аммо
ҳадаф аз таҳияи инчунин мақсадҳои стротегии як
абарқудрат абарқудрати дигар аст. Бинобар
чунин суратпазирии ҳадафҳои геополитикӣ
кишварҳои бидуни коркард содиркунандаи ашёи
хом чун Сурияву Либия ва Ироқу Афғонистон ба
яке аз марказҳои таваҷҷуҳи ҷаҳониён мубаддал
карда мешаванд, ки дар марзҳои онон гуруҳҳои
террористӣ фаъолият мекунанд. Онҳо таҳияшуда
аз ҷониби хадамоти мустағбираи кишварҳои
дорои қудратҳои ҷаҳонӣ ҳастанд ва миссияи онон
низ аз тезутунд намудани авзои сиёсии ҷаҳон иборат мебошад.

пешина
аз 303
навбатӣ