БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

дидгоҳҳои онҳо мавриди пажӯҳиш қарор
гирифтаанд. Муаллиф муътақид аст, ки
пажӯҳишҳои ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл
Ҳантингтон бинобар дар миқёси васеъ паҳн
шудани таҳқиқоти анҷомдодааш дар мавриди
ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир дар заминаи
бархурди тамаддунҳо нуфузи бештар пайдо
карда, ақидаи ӯ ҷиҳати бартарӣ доштани ҳувияти
фарҳангии амрикоӣ вокунишҳои паёпайро дар
сатҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардааст. Муҳаққиқони
ҳувияти фарҳангӣ бо дидгоҳҳои гунонун масоили
мазкурро пажӯҳиш намуда, ҷиҳати баррасии
тамоили иҷтимоии фарҳанг ва тамаддун иктифо
кардаанд. Махсусан, нигоҳи ҷомеашиносони
амрикоӣ ва аврупоӣ дар ин пешгуфтор мавриди
баррасӣ қарор гирифта, бархурдҳои зеҳнии
уламои муосир омили рушди илм муаррифӣ
шудаанд. Муосирият замони нав аст ва ғолибан
онро бо вожаҳои “модерн” ва “постмодерн”35
муаррифӣ мекунанд. Илова бар ин, пайванди
ногусастании байни ҷаҳонбинӣ ва моделҳои
пешниҳоди давлатдорӣ чун саркӯбгари қудрати
давлатӣ зербинои илзомомези Иммануил Кант
аст, ки яке аз фаслҳои рисолаашро “Дин танҳо
дар ҳудуди ақл” номидааст36, аммо ҷиҳати дарки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё