Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи бас рангу бўю зи оби равон
Ту гуфтӣ, к-аз ў тоза гардад равон.
Пас он турки хира забон баркушод,
Ба пеши Завора сухан кард ёд,
440 Ки нахчиргоҳи Сиёвуш буд ин,
Бад-ин буд меҳраш ба Туронзамин.
Бад-ин ҷойгаҳ шоду хуррам будӣ,
Ҷуз эдар дигар ҷой бо ғам будӣ.
Завора чу бишнид з-ў ин сухан,
Бар ў тоза шуд рўзгори куҳан.
Чу гуфтори он туркаш омад ба гўш,
Фуруд омад аз аспу з-ў рафт ҳуш.
Яке боз будаш ба даст-андарун,
Раҳо карду мижгон шудаш пур зи хун.
445 Расиданд ёрону лашкар бар ўй,
Ғамӣ ёфтандаш, пур аз об рўй.
Гирифтанд нафрин бар он раҳнамой,
Ба захмаш фиканданд ҳар як зи пой.
Завора яке сахт савганд х(в)ард,
Фурў рехт аз дидагон оби зард,
К-аз ин пас на нахчир ҷўям, на хоб
Напардозам аз кини Афросиёб.
Намонам, ки Рустам баросояд эч,
Ҳама ҷангро кард бояд басеч.
450 Ҳамон гаҳ ки назди Таҳамтан расид,
Хурўшид, чун рўи ўро бидид.
Бад-ў гуфт: «Эдар ба кин омадем
Ва ё лаб пур аз офарин омадем?
Чу Яздони некидиҳиш зўр дод,
Зи ахтар туро гардиши хур дод,
Чаро бояд ин кишвар обод монд,
Якеро бар ин буму бар шод монд?
Фаромуш макун кини он шаҳрёр,
Ки чун ў набинӣ ба сад рўзгор».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё