Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Подшоҳии Рустам дар
Туронзамин ҳафт сол буд
Сипаҳбад гави пилтан бо сипоҳ
Сўи Чину Мочин даромад зи роҳ.
400 Ҳама марзи Чин бо Хитову Хутан
Гирифташ ба бозуи шамшерзан.
Таҳамтан нишаст аз бари тахти ўй,
Ба хок андаромад сари бахти ўй.
Яке достон зад гав андар нахуст,
Ки пурмоя он кас, ки душман биҷуст.
Чу бадхоҳ пеш оядат, кушта беҳ,
Гар овора, аз ҷанг баргашта беҳ.
Зи айвон ҳама ганҷи ў бозҷуст,
Бигуфтанд бо вай якояк дуруст.
405 Ғуломону аспу парастандагон,
Ҳамон номвар хубрух бандагон.
Дари ганҷи динору пурмоя тоҷ,
Ҳамон ҷомаву дебаву тахти оҷ
Якояк зи ҳар сў ба чанг омадаш,
Басе гавҳар аз ганҷи Ганг омадаш.
Сипаҳ сар ба сар з-он тавонгар шуданд,
Чу бо ёраву тавқу афсар шуданд.
Яке Тусро дод он тахти оҷ,
Ҳамон ёраву тавқу маншури Чоҷ.
410 Бад-ў гуфт: «Он кас, ки тоб оварад,
Дигар ёди Афросиёб оварад,
Ҳамон гаҳ сарашро зи тан дур кун,
В-аз он каргасонро яке сур кун.
Касе, к-ў хирад ҷўяду эманӣ,
Натозад сўи кеши оҳарманӣ.
Чу фарзанд бояд, ки дорӣ ба ноз,
Зи ранҷ эмин, аз хоста бениёз.
Ту беранҷро ранҷ манмой хеч,
Ҳама мардиву дод додан басеч,
415 Ки гетӣ сипанҷ асту ҷовид нест,
Фаре бартар аз фарри Ҷамшед нест.
Сипеҳри баландаш ба пой оварид,
Ҷаҳонро ҷуз ў кадхудой оварид».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё