Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

310 Яке бод бархост аз размгоҳ,
Ҳаворо бипўшид гарди сиёҳ.

Ду лашкар ба ҳомун ҳаме тохтанд.
Яке аз дигар бознашнохтанд.

Ҷаҳон чун шаби тира торик шуд,
Ҳамоно ба шаб рўз наздик шуд.

Гурехтани Афросиёб аз Рустам

Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб,
Ки «Бедор бахт андаромад ба хоб.

Агар сустӣ оред як тан ба ҷанг,
Намонад маро ҷойгоҳи диранг.

315 Як имрўз рои паланг оваред,
Зи ҳар сў бароеду ҷанг оваред.

Парешон зи ҳар сў камин оваред,
Ба найза хур андар замин оваред».

Биёмад худ аз қалби туронсипоҳ,
Бари Тус шуд доғдил, кинахоҳ.

Аз Эрон фаровон саронро бикушт,
Ғамӣ шуд дили Тусу бинмуд пушт.

Бари Рустам омад яке чораҷўй,
Ки имрўз аз ин кор шуд рангу бўй.

320 Ҳама маймана шуд чу дарёи хун
Дурафши саворони Эрон нагун.

Биёмад зи қалби сипаҳ пилтан,
Паси ў Фаромарз бо анҷуман.

Сипардори бисёр дар пеш буд,
Ки дилшон зи Рустам бадандеш буд.

Ҳама хешу пайванди Афросиёб,
Ҳама дил пур аз кину сар пуршитоб.

Аз эшон фаровон Таҳамтан бикушт,
Фаромарзу Тус андаромад ба пушт.

325 Чу Афросиёб он дурафши бунафш
Нигаҳ кард бо ковиёнӣ дурафш,

Бидонист, к-он пилтан Рустам аст,
Сарафроз в-аз тухмаи Найрам аст.

Барошуфт бар сони ҷангӣ паланг,
Бияфшурд рон, пеши ў шуд ба ҷанг.

Чу Рустам дурафши сияҳро бидид,
Ба кирдори шери жиён бардамид.

Ба ҷўш омад он номбардор гурд,
Инонро ба Рахши таковар супурд.

330 Баровехт бо саркаш Афросиёб,
Зи пайкон-ш хун рафт чун ҷўи об.

Хаданге, ки солори туронсипоҳ
Бизад бар бари Рустами кинахоҳ,

пешина
аз 234
навбатӣ