Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

270 Биёрост он ҷангро Пилсам,
Ҳаме ронд чун шер бо боду дам.

Ба эрониён гуфт: «Рустам куҷост,
Ки гўянд, к-ў рўзи ҷанг аждаҳост?

Бигўед, то пешам ояд ба ҷанг,
Ки бар ҷанги ў кардаам тез чанг».

Чу бишнид Гев ин сухан, бардамид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид.

Бад-ў гуфт: «Рустам ба як турк ҷанг
Ҳамоно насозад, ки ояд-ш нанг».

275 Баровехтанд он ду ҷангӣ ба ҳам
Дамон Геви Гударз бо Пилсам.

Яке найза зад Гевро, к-аз ниҳеб
Бурун омадаш ҳар ду пош аз рикеб.

Фаромарз чун дид, ёр омадаш,
Ҳамон ёри ҷангӣ ба кор омадаш.

Бизад теғ бар найзаи Пилсам,
Аз он теғ шуд найзаи ў қалам.

Дигарбора зад бар сари тарки ўй,
Шикаста шуд он теғи пархошҷўй.

280 Ҳаме гашт бо ҳар ду ял Пилсам,
Ба майдон ба кирдори шери дижам.

Чу Рустам зи қалби сипаҳ бингарид,
Ду гурди далери гаронмоя дид,

Баровехта бо яке шермард,
Ба абр андароварда аз бод гард.

Ба дил гуфт Рустам, ки ҷуз Пилсам
Зи туркон надорад касе боду дам.

Ва дигар, ки аз пирсар мўбадон,
Зи ахтаршиносону аз бихрадон,

285 Зи ахтар баду нек бишнида буд,
Ҷаҳонро чапу рост паймуда буд,

Ки гар Пилсам аз бади рўзгор
Гузар ёбаду бинад омўзгор,

Набарда чун ў дар ҷаҳон сар ба сар,
Ба Эрону Турон набандад камар.

Ҳамоно, ки ўро замон омадаст.
Ки эдар ба ҷангам дамон омадаст.

Ба лашкар чунин гуфт, к-«Аз ҷои хеш
Маёзед худ пештар пои хеш.

пешина
аз 234
навбатӣ