Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Або Рустам имрўз ҷанг оварам,
Ҳама номи ў зери нанг оварам.

250 Ба пеши ту орам сару Рахши ўй,
Ҳамон гурзу теғи ҷаҳонбахши ўй».

Аз ў шод шуд ҷони Афросиёб,
Сари найза бугзошт аз офтоб.

Бад-ў гуфт, к- «Эй номбардор шер,
Ҳамоно, ки пилат наёрад ба зер,

Агар пилтанро ба чанг оварӣ,
Замона баросояд аз доварӣ.

Ба Турон набошад чу ту кас ба ҷоҳ,
Ба тахту ба мўҳру ба теғу кулоҳ.

255 Ба гардонсипеҳр андарорӣ сарам,
Супорам ба ту духтару афсарам.

Аз Эрону Турон ду баҳр они туст,
Ҳамон гавҳару ганҷу шаҳр они туст».

Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт,
Биёмад бари шоҳи пирўзбахт.

Бад-ў гуфт, к-«Ин марди барнои тез
Ҳаме бо тани хеш дорад ситез.

Гар ў бо Таҳамтан набард оварад,
Сари хештан зери гард оварад.

260 Ҳаме дар гумон афтад аз номи хеш,
Набинад ҳаме кому фарҷоми хеш.

Бувад з-ин сухан низ бар шоҳ нанг,
Шикаста шавад дил сипаҳро ба ҷанг.

Бародар ту донӣ, ки кеҳтар бувад,
Фузунтар бар ў меҳри меҳтар бувад».

Ба Пирон чунин гуфт пас Пилсам,
К-«Аз ин паҳлавон дил надорам дижам.

Агар ман кунам ҷанг, ҷанги наҳанг,
Наёрам ба бахти ту бар шоҳ нанг.

265 Ба пеши ту бо номвар чор гурд,
Ба пархош дидӣ зи ман дастбурд.

Ҳамоно кунун зўрам афзунтар аст,
Шикастан дили ман на андарх(в)ар аст.

Барояд ба дасти ман ин коркард,
Ба гирди дари ахтари бад магард».

Чу бишнид аз ў ин сухан шаҳрёр,
Яке аспи шоистаи корзор

Бад-ў дод бо теғу гурзи гарон
Ҳамон ҷавшану тарку баргустувон.

пешина
аз 234
навбатӣ