Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба Гарсеваз ин достон баркушод,
Зи кори Сиёвуш ҳаме кард ёд.

2105 Туро гуфт, аз эдар бибояд шудан,
Бари ў фаровон бибояд будан.

Бипурсиву гўӣ бад-он ҷашнгоҳ
Нахоҳӣ ҳаме кард касро нигоҳ.

Ба меҳрат дили ман биҷунбад зи ҷой,
Яке бо Фарангис хез, эдар ой!

Ниёз аст моро ба дидори ту,
Бад-он пурҳунар ҷони бедори ту.

Бар ин кўҳи мо низ нахчир ҳаст,
Ба ҷоми забарҷад маю шир ҳаст.

2110 Гузорем якчанду бошем шод,
Чу ояд-т аз шаҳри обод ёд.

Ба ромиш бибошу ба шодӣ хиром,
Маю ҷом бо мо чаро шуд ҳаром?

Тиҳӣ кун дил аз ҷойгоҳи каён,
Ба рафтан камар сахт кун бар миён.

Боз омадани Гарсеваз ба назди Сиёвуш

Баророст Гарсевази домсоз,
Дили пур зи кина, сари пур зи роз.

Чу наздики шаҳри Сиёвуш расид,
Зи лашкар забоноваре баргузид.

2115 Бад-ў гуфт: «Рав, бо Сиёвуш бигўй,
Ки, эй номварзодаи номҷўй,

Ба ҷону сари шоҳи туронсипоҳ,
Ба ҷону сару тоҷи Ковусшоҳ,

Ки аз баҳри ман барнахезӣ зи гоҳ,
Ба пешам пазира наёӣ ба роҳ,

Ки ту з-он фузунӣ ба фарҳангу бахт,
Ба фарру нажоду ба тоҷу ба тахт,

Ки ҳар бодро баст бояд миён,
Тиҳӣ кардан он ҷойгоҳи каён».

2120 Фиристода назди Сиёвуш расид,
Заминро бибўсид, к-ўро бидид.

Чу пайғоми Гарсеваз ўро бигуфт,
Сиёвуш ба дил гашт бо дард ҷуфт.

Пурандеша биншаст бедор дер,
Ҳаме гуфт розест инро ба зер.

пешина
аз 234
навбатӣ