Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

2085 Сипоҳат бад-ў боз гардад ҳама
Набошад шубон, чун набошад рама.

Сипоҳе, ки бинанд шоҳе чун ўй.
Бад-он бахшишу рою тобанда рўй,

Нахоҳанд аз он пас ба шоҳӣ туро,
Бара гоҳиўрову моҳӣ туро.

Ва дигар, ки аз шаҳри ободи ўй,
Чунон буми фархундабунёди ўй,

Ту хониш, к-эдар маро банда бош,
Ба хориву зорӣ таноганда бош?

2090 Надидаст кас хуфта бо пил шер
На оташ дамон аз бару об зер.

Агар баччаи шери нохўрдашир
Бипўшад касе дар миёни ҳарир,

Диҳад нўш ўро зи ширу шакар,
Ҳамеша варо парваронад ба бар,

Ба гавҳар шавад боз, чун шуд бузург,
Натарсад зи оҳанги пили сутург».

Дили номдор андар он баста шуд,
Ғамӣ буд пурандешаву хаста шуд.

2095 Ҳаме аз шитобаш беҳ омад диранг,
Ки пирўз бошад худованди санг.

Ситуда набошад сари бодсор,
Бар ин достон зад яке ҳушёр,

Ки гар бод хира наҷастӣ зи ҷой,
Магар ёфтӣ чеҳраву дасту пой?

Сабуксор мардум на воло бувад,
Агарчи гави сарвболо бувад.

Бирафтанд печону лаб пурсухан,
Пур аз кин дил аз рўзгори куҳан.

2100 Бари шоҳ рафтӣ замон то замон
Бадандеш Гарсевази бадгумон.

Зи ҳар гуна ранг андаромехтӣ,
Дили шоҳи Турон барангехтӣ.

Чунин то баромад бар ин рўзгор,
Пур аз дарду кин шуд дили шаҳрёр.

Сипаҳбад чунин кард як рўз рой,
Ки пардахта монад зи бегона ҷой.

пешина
аз 234
навбатӣ