Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Надонам, ки Гарсевази некхоҳ
Чӣ гуфтаст аз ман бад-он пешгоҳ.
Чу Гарсеваз омад ба даргоҳи ўй,
Пиёда биёмад зи айвон ба кўй.
2125 Бипурсидаш аз роҳ в-аз кори шоҳ,
Зи расми сипоҳу зи тахту кулоҳ.
Паёми сипаҳдори Турон бидод,
Сиёвуш зи пайғоми ў гашт шод.
Чунин дод посух, ки бо ёди ўй.
Нагардонам аз теғи пўлод рўй.
Ман инак ба рафтан камар бастаам,
Инон бо инони ту пайвастаам.
Се рўз андар ин гулшани зарнигор
Бибошему аз бода гирем кор,
2130 Ки гетӣ сипанҷ асту пурдарду ранҷ,
Бадон кас, ки бо ғам зияд дар сипанҷ.
Чу бишнид гуфти хирадманд шоҳ,
Бупечид Гарсевази кинахоҳ.
Ба дил гуфт, ар эдун, ки бо ман ба роҳ
Сиёвуш биёяд ба наздики шоҳ,
Бад-ин шермардиву чандин хирад,
Камони маро зери пай биспарад.
Сухан гуфтани ман шавад бефурўғ,
Шавад пеши шаҳ чораи ман дурўғ.
2135 Яке чора бояд кунун сохтан,
Дилашро ба роҳи бад андохтан.
Замоне ҳаме буду хомуш бимонд.
Ду чашмаш ба рўи Сиёвуш бимонд.
Фурў рехт аз дидагон оби зард,
Ба оби ду дида ҳаме чора кард.
Сиёвуш варо дид пури оби чашм,
Ба сони касе, к-ў бипечад зи хашм.
Бад-ў гуфт нарм: «Эй бародар, чӣ буд?
Ғаме ҳаст, к-онро нашояд шунуд?
2140 Гар аз шоҳи Турон шудастӣ дижам,
Ба дида даровардӣ аз дард нам,
Ман инак ҳаме бо ту оям ба роҳ,
Кунам ҷанг бо шоҳи туронсипоҳ.
Бад-он то зи баҳри чӣ озорадат,
Чаро кеҳтари хештан дорадат?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё