Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Гирифтани Баҳром Кабударо
Сипаҳбад чу лашкар бар ў гирд шуд,
Аз оташ ба роҳи Гиравгирд шуд.
Сипоҳ андаромад, чунон чун сазад,
Ҳама кўҳу ҳомун саропарда зад.
Чунон чун бибоист, барсохтанд,
Зи ҳар сў талоя бурун тохтанд.
Гиравагирд будӣ нишасти Тажов,
Саворе, ки будиш бо шер тов.
1065 Фасила бад-он ҷойгаҳ доштӣ,
Чунон кўҳ то кўҳ бугзоштӣ.
Хабар шуд, ки омад зи Эрон сипоҳ,
Гала бурд бояд ба як сў зи роҳ.
Фиристод гурде ҳам андар шитоб
Ба наздики чўбони Афросиёб.
Кабуда будаш ному шоиста буд,
Ба шоистагӣ низ боиста буд.
Бад-ў гуфт чун тира гардад сипеҳр,
Ту з-эдар бирав, ҳеч манмой чеҳр.
1070 Нигаҳ кун, ки чанд аст аз Эрон сипоҳ,
Бубин, то кӣ дорад дурафшу кулоҳ.
К-аз эдар бар эшон шабехун кунем,
Ҳама кўҳу ҳомун пур аз хун кунем.
Кабуда биёмад чу деви сиёҳ
Шаби тира наздики эронсипоҳ.
Талоя шаби тира Баҳром буд,
Камандаш сари пилро дом буд.
Баровард аспи Кабуда хурўш,
Зи лашкар барафрохт Баҳром гўш.
1075 Камонро ба зеҳ карду бифшорд рон,
Баромад зи ҷо он ҳаюни гарон.
Яке тир букшоду накшод лаб,
Кабуда набуд ҳеч пайдо зи шаб.
Бизад бар камарбанди чўбони шоҳ,
Ҳаме гашт ранги Кабуда сиёҳ.
Зи асп андарафтоду зинҳор хост,
Бад-ў гуфт Баҳром: «Баргўй рост,
Ки эдар фиристодаи ту кӣ буд?
Киро хостӣ з-ин далерон бисуд?»
1080 Ба Баҳром гуфт: «Ар диҳӣ зинҳор,
Бигўям туро, ҳар чи пурсӣ зи кор.
Тажов аст шоҳу фиристандаам,
Ба наздики ў ман парастандаам.
Макуш мар маро, то намоям-т роҳ
Ба ҷое, ки дорад вай оромгоҳ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё