Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
На бар бегунаҳ кушта омад Фуруд,
Набишта чунин буду буд, он чи буд.
Ба лашкар нигаҳ кун, ки чун Ревниз
Кӣ бинӣ ба мардиву дидор низ?
Маро ҷом аз ў пурмаю шир буд,
Ҷавоне ба боло, суханпир буд.
1045 Кунун аз гузашта наёрем ёд,
Ба бедод кушта шуд ў, ё ба дод.
Чу хилъат ситад Гев аз подшоҳ,
Ки он кўҳи ҳезум бисўзад зи роҳ.
Кунун ҳаст ҳангоми он сўхтан,
Ба оташ сипеҳре барафрўхтан.
Кушода шавад роҳи лашкар магар,
Ки бошад сипаҳро бар он раҳ гузар.»
Бад-ў гуфт Гев: «Ин сухан ранҷ нест,
Агар ҳаст ҳам ранҷ, беганҷ нест».
1050 Ғамӣ гашт Бежан бар ин достон,
«Набошам бад-ин, –гуфт, -ҳамдостон.
Ба ранҷу ба сахтӣ бипарвардиям,
Ба гуфтор ҳаргиз наёзурдиям,
Маро бо ҷавонӣ набояд нишаст,
Ба пирӣ камар бар миёни ту баст».
Бад-ў гуфт Гев: «Он чи ман сохтам,
Бад-ин кор гардан барафрохтам.
Ҳанўз, эй писар, гоҳи ороиш аст,
На ҳангоми пириву бахшоиш аст.
Бад-ин рафтани ман мадор эч ғам,
Ки ман кўҳи хоро бисўзам ба дам».
Ба сахтӣ гузашт аз дари Косарўд,
Ҷаҳонро яху барф буд тору пуд.
Чу омад бад-он кўҳи ҳезум фароз,
Надонист болову паҳнош боз.
Зи пайкон яке оташ андарфурўхт,
Ба кўҳ-андар афканду ҳезум бисўхт.
Зи таффи забона, зи боду зи дуд
Се ҳафта ба оташ гузаршон набуд.
1060 Ҷаҳорум сипаҳ баргузаштан гирифт,
Аз он обу оташ ба гаштан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё