Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ў гуфт Баҳром: «Бо ман Тажов
Чунон дон, ки бо шери дарранда гов».

Сарашро ба ханҷар бибуррид паст,
Ба фитроки зини каёнӣ бубаст.

1085 Ба лашкаргаҳ оварду бифканд хор,
На номоваре буд, на гурде савор.

Баромад хурўши хурўсу чаков,
Кабуда наёмад ба назди Тажов.

Ғамӣ шуд дили марди пархошҷўй,
Бидонист к-ўро бад омад ба рўй.

Сипоҳе, ки буданд бо ў, бихонд,
В-аз он ҷойгаҳ тез лашкар биронд.

Разми эрониён бо Тажов

Чу хуршед барзад ба ҳомун дурафш,
Дами шаб шуд аз ханҷари ў бунафш.

1090 Тажови сипаҳбад бишуд бо сипоҳ,
Ба Эрон хурўш омад аз дидгоҳ,

Ки омад зи Турон сипоҳе ба ҷанг,
Сипаҳбад наҳанге, дурафше ба чанг.

Зи гарданкашон пеши ў рафт Гев,
Тане чанд бо ў зи гурдони нев.

Барошуфту номаш бипурсид ўй,
Чунин гуфт, к-«Эй марди пархошҷўй,

Бад-ин моя мардум ба ҷанг омадӣ,
Гурозон ба ҷанги наҳанг омадӣ?»

1095 Чунин дод посух Тажови далер,
Ки «Ман зўри пил дораму чанги шер.

Тажовам бувад ному мардафканам,
Сари шери ҷангӣ зи тан барканам.

Нажодам ба гавҳар зи Эрон будаст,
Зи гурдону аз тухми шерон будаст.

Кунун марзбонам бад-ин ҷойгоҳ,
Гузини бузургону домоди шоҳ».

Бад-ў гуфт Гев: «Он чи гуфтӣ, магўй,
Ки тира шавад з-ин сухан обрўй.

1100 Аз Эрон ба Турон чӣ ҷўяд нишаст?
Магар хўрданаш хун бувад ё кабаст.

Агар марзбониву домоди шоҳ,
Чаро бештар з-ин надорӣ сипоҳ?

Бад-ин моя лашкар ту тундӣ маҷўй,
Ба тезӣ ба пеши далерон мапўй,

Ки ин пурҳунар номдори далер
Сари марзбонон бидорад ба зер.

Гар эдун ки фармон кунӣ бо сипоҳ
Ба Эрон хиромӣ ба наздики шоҳ.

пешина
аз 234
навбатӣ