Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу бо шер ҷанг ошноӣ диҳад,
Зи бар парри каргас гувоӣ диҳад,

620 Ки андар ҷаҳон кинаро з-ин нишон
Набандад миён кас зи гарданкашон».

Бад-ў гуфт Баҳром, к-«Эй шаҳрёр,
Ҷавону ҳунарманду гурду савор,

Бигўям ман ин, ҳар чи гуфтӣ ба Тус,
Ба хоҳиш диҳам низ бар даст бўс.

Валекин сипаҳбад хирадманд нест,
Сару мағзи ў аз дари панд нест.

Ҳунар дораду хоста, ҳам нажод,
Наёрад ҳаме бар лаб аз шоҳ ёд.

625 Бишўрид бо Геву Гударзу шоҳ,
Зи баҳри Фарибурзу тахту кулоҳ.

Ҳаме гуфт аз тухмаи Нўзарам,
Ҷаҳонро ба шоҳӣ худ андарх(в)арам.

Сазад, гар бупечад зи гуфтори ман,
Гирояд ба тундиву пайкори ман.

Ҷуз аз ман ҳар он кас, ки ояд барат,
Набояд, ки бинад сару миғфарат.

Маро гуфт: «Бингар, ки бар теғ кист?
Чу рафтӣ, мапурсаш, ки аз баҳри чист?

630 Ба гурзу ба ханҷар сухан гўю бас,
Чаро монад ин рўз бар кўҳ кас?»

Ба мужда ман оям, чу ў гашт ром,
Туро пеши лашкар барам шодком.

В-агар ҷуз ман ояд зи лашкар касе,
Набояд бар ў будан эмин басе.

Наёяд бари ту ба ҷуз як савор,
Чунин аст оини ин номдор.

Кунун нек бингар, ки то чист рой,
Дари диж бигиру бипардоз ҷой».

635 Яке гурзи пирўзадаста ба зар
Фуруд он замон баркушод аз камар.

Бад-ў доду гуфт: «Ин зи ман ёдгор
Ҳаме дор бо худ, ки ояд ба кор.

Чу Туси сипаҳбад пазирад хиром,
Бибошем равшандилу шодком.

Ҷуз ин ҳадяҳо бошаду аспу зин,
Ба зар афсару хусравонӣ нигин».

Ва дигар, ки бо мо дилаш рост нест,
Ба шоҳӣ бародар-тро хост нест.

пешина
аз 234
навбатӣ