Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ў гуфт: «Оре, Фурудам, дуруст,
Аз он сарви афканда шохе бируст».
600 Бад-ў гуфт Баҳром: «Бинмой тан.
Нишони Сиёвахш бинмо ба ман».
Ба Баҳром бинмуд бозу Фуруд,
Зи анбар ба гул-бар яке хол буд.
К-аз он гар на пайкар, ба паргори Чин
Надонад нигорид кас бар замин.
Бидонист, к-ў аз нажоди Қубод,
Зи роҳи Сиёвахш дорад нажод.
Бар ў офарин карду бурдаш намоз,
Баромад ба болои тунду фароз.
605 Фурў омад аз асп шоҳи ҷавон,
Нишаст аз бари санг равшанравон.
Ба Баҳром гуфт: «Эй сарафроз мард,
Ҷаҳондори бедору шери набард,
Ду чашмам агар зинда дидӣ падар,
Ҳамоно нагаштӣ аз ин шодтар,
Ки дидам туро шоду равшанравон,
Ҳунарманду бинодилу паҳлавон.
Бар он омадам ман бар ин теғи кўҳ,
Ки аз номдорони эронгурўҳ
610 Бипурсам, бидонам, ки солор кист,
Ба разм –андарун номбардор кист?
Яке сур созам чунон чун тавон,
Бубинам ба шодӣ рухи паҳлавон.
Бубахшам зи ҳар гуна бисёр мар,
Зи аспу зи шамшеру гурзу камар.
В-аз он пас гурозон ба пеши сипоҳ
Ба Турон шавам доғдил кинахоҳ.
Сазовори ин ҷустани кин манам,
Ба ҷанг оташи тез бар зин манам.
615 Сазад, гар бигўӣ ту бо паҳлавон,
Ки ояд бар ин кўҳ равшанравон.
Бубошем як ҳафта эдар ба ҳам,
Сиголем ҳар гунае бешу кам.
Ба ҳаштум, чу бархезад овои кўс,
Ба зин андарояд сипаҳдор Тус,
Миёнро бубандам ба кини падар,
Яке разм созам ба дарди ҷигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё