Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боз омадани Баҳром назди Тус

Чу Баҳром баргашт, бо Тус гуфт,
Ки «Бо ҷони покат хирад бод ҷуфт!

640 Бидон, к-он Фуруд аст фарзанди шоҳ
Сиёвуш, куҷо кушта шуд бегуноҳ.

Намуд он нишоне, ки андар нажод
Зи Ковус доранд в-аз Кайқубод».

Чунин дод посух ситамгора Тус,
Ки «Ман дорам ин лашкару бўқу кўс.

Туро гуфтам, ўро ба назди ман ор,
Суханро макун ҳеч аз ў хостор.

Гар ў шаҳрёр аст, ман худ киям?
Бад-ин лашкар андар зи баҳри чиям?

645 Яке туркзода чу зоғи сиёҳ,
Бар ин кўҳ бигрифт роҳи сипоҳ.

Набинам зи худкома гударзиён,
Магар он ки дорад сипаҳро зиён.

Битарсидӣ аз беҳунар як савор,
На шери жиён буд бар кўҳсор.

Сипаҳ диду баргашт сўи фиреб,
Ба хира сипардӣ фарозу нишеб».

В-аз он пас чунин гуфт бо саркашон,
Ки «Эй номдорону душманкушон,

650 Яке номвар хоҳаму номҷўй,
Ки орад сўи кўҳу ин турк рўй.

Сарашро ба ханҷар бибуррад зи тан,
Ба пеши ман орад дар ин анҷуман».

Миёнро бубаст андар он Ревниз,
Ҳаме з-он набардаш пур омад қафиз.

Бад-ў гуфт Баҳром, к-«Эй паҳлавон,
Макун ҳеч бар хира тира равон.

Битарс аз Худованди хуршеду моҳ,
Дилатро ба шарм овар аз рўи шоҳ,

655 Ки пайванди шоҳ асту ҳамзоди ўй,
Саворест номовару ҷангҷўй,

пешина
аз 234
навбатӣ