Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ба додори доранда савганд х(в)ард,
Ба рўзи сапеду шаби лоҷвард.
Ба хуршеду моҳу ба тахту кулоҳ,
Ба мўҳру ба теғу ба дайҳими шоҳ,
Ки ҳаргиз напечам сўи меҳри ўй,
Набинам ба хоб-андарун чеҳри ўй.»
Яке хат навиштанд бар паҳлавӣ
Ба мушк аз бари дафтари хусравӣ.
115 Гуво кард Дастону Рустам бар он,
Бузургони лашкар ҳама ҳамчунон.
Ба зинҳор дар дасти Рустам ниҳод,
Чунин аҳду савганду ин расму дод.
В-аз он пас ҳаме хони май хостанд,
Дигаргуна маҷлис биёростанд.
Бибуданд як ҳафта бо руду май
Бузургон дар айвони Ковуси кай.
Ҷаҳондор ҳаштум сару тан бишуст,
Биёсуду ҷои ниёиш биҷуст.
120 Ба пеши худованди гардонсипеҳр
Бирафт, офаринро бигустард меҳр.
Шаби тира то баркашид офтоб,
Хурўшон ҳаме буд дида пуроб.
Ҳаме гуфт, к-эй додгар як Худой,
Ҷаҳондору рўзидиҳу раҳнамой,
Ба рўзи ҷавонӣ ту кардӣ раҳо
Маро бесипоҳ аз дами аждаҳо.
Ту донӣ, ки солори туронсипоҳ
На парҳез дорад, на тарс аз гуноҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё