Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

125 Ба вайрону обод нафрини ўст,
Дили бегуноҳон пур аз кини ўст.

Бар ин марзи боарз оташ бирехт,
Ҳама хоки ғам бар далерон бубехт.

Ба бедод хуни Сиёвуш ба хок
Ҳаме рехт, то ҷони мо кард чок.

Дили шаҳрёрон пур аз бими ўст,
Балои ҷаҳон тахту дайҳими ўст.

Ту донӣ, ки ўро зи бад гавҳар аст,
Ҳамон баднажод асту афсунгар аст.

130 Фаровон бимолид рух бар замин,
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин.

В-аз он ҷойгаҳ шуд сўи тахт боз,
Бари паҳлавонони гарданфароз.

Чунин гуфт, к-«Эй номдорони ман,
Далерону ханҷаргузорони ман,

Бипаймудам ин буми Эрон бар асп,
Аз ин марз то хони Озаргушасп.

Надидам касеро, ки дилшод буд,
Тавонгар буд, ар бумаш обод буд.

135 Ҳама хастагонанд з-Афросиёб,
Ҳама дил пур аз хуну дида пуроб.

Нахустин ҷигархастаи ў манам,
Ки пурдард аз ўяст ҷону танам.

Дигар чун ниё шоҳи озодамард,
Ки аз дил ҳаме баркашад боди сард.

Ба Эрон зану мард аз ў пурхурўш
Зи бас куштану ғорату ҷангу ҷўш.

Кунун, гар ҳама вижа ёри манед,
Ба дил сар ба сар дўстдори манед,

140 Ба кини падар баст хоҳам миён,
Бигардонам ин бад зи эрониён.

Агар ҳамгинон боз ҷанг оваред,
Бикўшеду расми паланг оваред,

пешина
аз 234
навбатӣ