Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Паймон бастани Кайхусрав
бо Ковус аз кини Афросиёб

Чу рўзи дурахшон баровард чок,
Бигустурд ёқут бар тира хок,

Ҷаҳондор биншасту Ковуси кай –
Ду шоҳи сарафрозу ду некпай

Або Рустами гурду Дастон ба ҳам
Ҳаме гуфт Ковус ҳар бешу кам.

Аз Афросиёб андаромад нахуст,
Ду рухро ба хуни ду дида бишуст.

95 Бигуфт, он ки ў бо Сиёвуш чи кард,
Чи гуна аз Эрон баровард гард.

Басо паҳлавонон, ки беҷон шуданд,
Зану кўдаки хурд печон шуданд,

Басе шаҳр бинӣ аз Эрон хароб,
Табаҳ гашта аз ранҷи Афросиёб.

Туро эзадӣ ҳар чӣ бояд-т, ҳаст
Зи мардону аз донишу зўри даст.

Зи фарри бузургиву некахтарӣ,
Зи шоҳон ба ҳар гавҳаре бартарӣ.

100 Кунун аз ту савганд хоҳам яке,
Набояд, ки печӣ зи дод андаке.

Ки пуркин кунӣ дил зи Афросиёб,
Дами оташ андарнаёрӣ ба об.

Ба хешии модар бад-ў награвӣ,
Напечиву гуфти касе нашнавӣ.

Ба ганҷу фузунӣ нагирӣ фиреб,
Ба пеш ар фароз оядат ё нишеб.

Ба гурзу ба теғу ба тахту кулоҳ,
Ба гуфтор бо ў нагардӣ зи роҳ.

105 Бигўям, ки бунёди савганд чист,
Хирадрову ҷони туро банд чист?

«Бигўӣ ба додори хуршеду моҳ,
Ба тоҷу ба тахту ба мўҳру кулоҳ.

Ба доди Фаридуну оину роҳ,
Ба хуни Сиёвуш, ба ҷони ту, шоҳ.

Ба фарру ба некахтари эзадӣ,
Ки ҳаргиз напечӣ ба сўи бадӣ.

Миёнҷӣ нахоҳӣ ба ҷуз теғу гурз,
Маниш бурз дорӣ зи болои бурз».

110 Чу бишнид аз ў шаҳрёри ҷавон,
Сўи оташ овард рўю равон.

пешина
аз 234
навбатӣ