Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1765 Чу хуррам шавад ҷой ороста
Падид ояд аз ҳар сўе хоста.

Набоядмаро шод будан басе,
Нишинад бар ин кох дигар касе.

На ман шод бошам, на фарзанди ман,
На пурмоя гурде зи пайванди ман.

Набошад маро зиндагонӣ дароз,
Зи коху зи айвон шавам бениёз.

Шавад кохи ман тахти Афросиёб,
Кунад бегунаҳ марг бар ман шитоб.

Чунин аст рози сипеҳри баланд,
Гаҳе шод дорад, гаҳе мустаманд».

Ба-ў гуфт Пирон, ки «Эй сарфароз,
Макун хира андеша бар дил дароз,

Ки Афросиёб аз бало пушти туст,
Ба шоҳӣ нигин андар ангушти туст.

Маро низ, то ҷон бувад дар танам,
Бикўшам, ки паймони ту нашканам.

Намонам, ки боде ба ту бигзарад,
В-агар мўй бар ту ҳаво бишмарад».

1775 Сиёвуш бад-ў гуфт, к-«Эй некном,
Набинам ба ҷуз некномит ком!

Ҳама рози ман ошкорои туст.
Ки бедордил бошиву тандуруст.

Ман огоҳӣ аз фарри Яздон диҳам,
Ҳам аз рози чархи баланд огаҳам.

Бигўям туро буданиҳо дуруст,
Зи айвону кох андароям нахуст.

Бидон, то нагўӣ, чу бинӣ чунон,
Ки ин бар Сиёвуш чаро буд ниҳон.

1780 Ту, эй гурд Пирони бисёрҳуш,
Бад-ин гуфтаҳо паҳн букшой гўш.

Фаровон бад-ин нагзарад рўзгор,
Ки бар дасти бедордил шаҳрёр

Шавам зор ман кушта бар бегуноҳ,
Каси дигар ояд бар ин тоҷу гоҳ.

Ту паймон ҳаме дориву рои рост,
Валекин фалакро ҷуз ин аст хост.

пешина
аз 234
навбатӣ