Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи гуфтори бадгўй в-аз бахти бад
Чунин бе гунаҳ бар сарам бад расад.
1785 Барошўбад Эрону Турон баҳам,
Зи кина шавад зиндагонӣ дижам.
Пур аз ранҷ гардад саросар замин,
Замона шавад пур зи шамшери кин.
Басе зарду сурху сиёҳу бунафш,
К-аз Эрон ба Турон бубинӣ дирафш.
Басе ғорату бурдани хоста,
Парокандани ганҷи ороста,
Басо кишваро, к-он ба пои сутур
Бикўбанду гардад ба ҷўй об шўр.
1790 Сипаҳдори Турон зи кирдори хеш
Пушаймон шавад, ҳам зи гуфтори хеш.
Пушаймонӣ он гаҳ наёрад-ш суд,
Ки бархезад аз буми обод дуд.
Аз Эрону Турон барояд хурўш,
Ҷаҳоне зи хуни ман ояд ба ҷўш.
Ҷаҳондор бар чарх чунин навишт,
Ба фармони ў бар диҳад, ҳар чӣ кишт.
Биё, то ба шодӣ диҳему х(в)рем,
Чу гоҳи гузаштан бувад, бигзарем.
1795 Чӣ бандӣ дил андар сарои сипанҷ,
Чӣ нозӣ ба ганҷу чӣ нолӣ зи ранҷ?
К-аз он ганҷ дигар касе бар х(в)арад,
Ҷаҳондор душман чаро парварад?»
Чу бишнид Пирону андеша кард,
Зи гуфтори ў шуд дилаш пур зи дард.
Ҳаме гуфт, к-Аз ман бад омад ба ман,
Гар ў рост гўяд ҳаме ин сухан,
Ман ўро кашидам ба Туронзамин,
Парокандам андарҷаҳон тухми кин.
1800 Варо ман ба Турон кашидам ба ранҷ,
Супурдам бад-ў кишвару тоҷу ганҷ.
Накардам ҳаме ёд гуфтори шоҳ,
Чунин гуфт бо ман ҳаме гоҳ-гоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё