Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Басе ранҷ бурд андар он ҷойгоҳ
Зи баҳри бузургиву тахту кулоҳ.
Бино кард ҷое чунон дилкушой,
Яке шорсон андар он хуб ҷой.
Бад-ў коху айвону майдон бисохт,
Дарахтони бисёраш андарнишохт.
1750 Бисозид ҷое чунон чун биҳишт,
Гулу сунбулу наргису лола кишт.
Сухан гуфтани Сиёвуш бо
Пирон аз буданиҳо
Аз он ҷои хуррам чу гаштанд боз,
Сиёвуш ҳаме буд бо дил ба роз.
Аз ахтаршиносон бипурсид шоҳ,
Ки эдар яке сохтам ҷойгоҳ.
Аз ў фарру бахтам ба сомон бувад,
Ва ё дил зи карда пушаймон шавад?
Бигуфтанд яксар ба шоҳи замин,
Ки бас нест фархунда бунёди ин.
1755 Аз ахтаршиносон баровард хашм,
Дилаш пур зи дарду пур аз об чашм.
Инони таковар ҳаме дошт нарм,
Ҳаме рехт аз дидагон оби гарм.
Бад-ў гуфт посух, ки «Чархи баланд
Дилам кард пурдарду ҷонам нажанд,
Ки ҳарчанд гирд оварам хоста,
Ҳамон коху ҳам ганҷи ороста,
1760 Ба фарҷом яксар ба душман расад,
Бадӣ бад бувад, марг бар тан расад,
Ки чун Гангдиж дар ҷаҳон ҷой нест.
Чун ў шорсони дилорой нест.
Маро фарри некидиҳиш ёр буд,
Хирадмандиву бахти бедор буд.
Аз ин сон яке шорсон сохтам,
Сарашро ба Парвин барафрохтам.
Кунун андар ин ҳам ба короварам,
Бар ў-бар фаровон нигор оварам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё