Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва дигар бузургони рўи замин,
Чи фағфуру қайсар, чи хоқони Чин,

Бузургону хешони Ковусшоҳ,
Далерону гурдони зарринкулоҳ,

905 Ҳама духти Рустам ҳаме хостанд,
Ҳама бар дилаш хоҳиш оростанд.

Ба домодияш кас фиристод Тус,
Таҳамтан бар ў кард чандин фусўс.

Таҳамтан зи пайвандашон сар битофт,
Азеро сазовори худ кас наёфт.

Ба гетӣ нигаҳ кард Рустам басе,
Зи гурдон наёмад писандаш касе.

Ба ман дод Рустам гузин духтараш,
Ки будӣ гиромитар аз афсараш.

910 Меҳиндухти Бонугушаспи савор
Ба ман дод гарданкаши номдор.

Зи чандон бузургон маро баргузид,
Сарамро ба чархи барин баркашид.

Супурдам ба Рустам ҳаме хоҳарам,
Маҳи бонувон Шаҳрбонуирам.

Ба ҷуз пилтан Рустами шермард
Надорам ба гетӣ касе ҳамнабард.

Чу бо Рустам оям ба кин хостан,
Бибояд туро навҳа оростан.

915 Ман акнун бад-ин ханҷари обгун
Ҷаҳон пеши чашмат кунам қиргун.

Агар зинда монам яке з-ин сипоҳ,
Зи ман номи мардӣ ба гетӣ махоҳ.

Шаҳаншоҳ Хусрав ба Эрон барам,
Ба наздики шоҳи далерон барам.

Нишонам-ш бар номвар тахти оҷ,
Ниҳам бар сараш-бар дилафрўз тоҷ.

В-аз он пас бипўшам гаронмоя габр,
Кунам шаҳри Турон куноми ҳизабр.

920 Манам пури Гударзи Кашводагон,
Сари саркашон - Геви озодагон.

Ту, эй турки бадбахт, Пирони шум,
Ки на тоҷ бодат, на тахту на бум,

Бар ин теғи ҳиндӣ бибуррам сарат
Бигиряд ба ту ҷавшану миғфарат.

Ки хамми камандам кунун марги туст,
Кафан, бегумон, ҷавшану тарги туст».

пешина
аз 234
навбатӣ