Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сараш вижа гуфтӣ, ки сандон шудаст,
Бару соидаш пилдандон шудаст.

Ман оварди Рустам басе дидаам,
Зи ҷанговарон низ бишнидаам.

Ба захмаш надидам чунон пойдор,
На дар печишу гардиши корзор.

Гар он гурзҳо мум будӣ ба чанг,
Синони саворон чу чарми паланг,

835 Набудӣ шигифт, ар бару ёли ўй
Шудӣ кўфта хурду чанголи ўй.

Ҳаме ҳар замон тезу ҷўшон шудӣ,
Ба наввӣ чу пили хурўшон шудӣ.

Аз афканда шуд рўи ҳомун чу кўҳ,
Зи як тан шуданд он далерон сутўҳ».

Барошуфт Пирон бад-ў гуфт: «Бас!
Ки нанг аст аз ин ёд кардан ба кас.

На аз як савор аст чандин сухун,
Ту оҳанги оварди гурдон макун.

840 Ту рафтиву Настеҳани номвар,
Сипоҳе ба кирдори шерони нар.

Кунун Гевро сохтӣ пили маст,
Миёни ялон гашт номи ту паст.

Чу з-ин ёбад Афросиёб огаҳӣ,
Бияндозад он тоҷи шоҳаншаҳӣ,

Ки ду паҳлавони далери савор,
Або лашкаре аз дари корзор,

Зи пеши саворе намуданд пушт,
Басе аз далерони Турон бикушт.

845 Гавожа басе бошадат бо фусўс,
На марди дурафшиву кўполу кўс».

Омадани Пирон аз паи Кайхусрав

Зи лашкар гузин кард Пирон савор,
Далерону ҷангӣ ду раҳ се ҳазор.

Бад-эшон чунин гуфт Пирон, ки «Зуд
Инони таковар бибояд бисуд.

Шабу рўз бар сони шери жиён
Зи рафтан набояд кушодан миён.

пешина
аз 234
навбатӣ