Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Н. БАҚОЗОДА.

Ҷонона

Номи очаам — оҷа,
Боз як номаш — ҷонона.
Номи дадаам — Дада,
Боз як номаш — ҷонона.
Охир, чӣ даркор ба вай
Ин номи духтарона?
Ту медонӣ, дугона,
Номи ман ҳам — Ҷонона.
Ҳамин хел, дар як хона
Мо се касем — Ҷонона.
Чаро ин хел, медонӣ?
Дар вақти номмонӣ
Буд дар бозору дӯкон
Номи «Ҷонона» арзон.

пешина
аз 57
навбатӣ