Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

У. РАҶАБ.

Баррача

Баррачаи маст,
Ба боғ омад.
Аз бомаки паст
Ҷаста фаромад.

Бидид маҳкам
Чор тарафро,
Гуфт: — Мехӯрам
Хуб алафро.

Абри баҳорон,
Ки бохабар буд,
Бирехт борон,
Баррача тар шуд.

пешина
аз 57
навбатӣ