Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Ҳарчанд Гулшан хурдакак,
Сесолаю семоҳа шуд,
Лекин аҷаб доноякак
Дар байни ҳамсолони худ.

Медонад ӯ «Раҳмат», «Салом»,
Мегӯяд ӯ pursī агар:
— Номи акои ман Низом,
Номи тағои ман Зафар.

Медонад ин, ки ҳар саҳар
Бояд бишӯяд дасту рӯ,
Аз кор агар ояд падар,
Афсона мегӯяд ба ӯ.

Медонад ин, ки хоҳарам
Ӯро тамошо мебарад,
Медонад ин, ки модарам
Милтиқҷаи нав мехарад.

Танҳо намедонад чаро
Ӯ хурду дигарҳо калон:
Ӯ меравад бар боғча,
Бар кору мактаб дигарон?

пешина
аз 57
навбатӣ