Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданХонаи бобом
Канори анҳор,
Паҳлӯи чанор,
Дар паси девор,
Бошад намудор
Хонаи бобом,
Хонаи бобом.
Обаки зулол,
Хур-ҳури шамол
Дорад ҳама сол.
Бо дили кашол
Мекунам хаёл
Хонаи бобом,
Хонаи бобом.
Дарвозаи боз,
Дастурхони соз,
Рӯҳои хандон,
Бӯи хуши нон,
Пур-пури меҳмон
Хонаи бобом,
Хонаи бобом.
Чаҳ-чаҳи мурғон,
Суруди чӯпон,
Гулҳои хандон,
Қаймоқи момо,
Боғи дилкушо
Хонаи бобом,
Хонаи бобом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё