Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
- Агар гушна бошӣ, аз қафои ман омадан гир! - гуфта духтарак ба қишлоқ равон шуд. Лаванд аз паси ӯ мерафт.
Вай ҳамин хел лавандро ба ҳавлии пиразан овард.
- Ин ҷо подшоҳи аҳмақ нест, ки ба ту муфт хӯрок диҳад, - гуфт духтарак, - нонро меҳнат карда ёфтан лозим. Агар нон хоҳӣ, кор кун, агар кор кардан нахоҳӣ, ба куҷое хоҳӣ рав.
Лаванд ғӯтай фикр шуда, ба духтарак нигоҳ кард. Духтарак ба ӯ як кӯзаи калонро оварда доду гуфт:
- Рав, аз ҳавз об биёр!
Лаванд кӯзаро гирифта, ба лаби ҳавз рафту об овард. Духтарак ба дасти ӯ табарро дода, ба кунда ишора карда гуфт:
- Ҳезум шикан, ман ба ту хӯрок мепазам.
Лаванд «хӯрок»-ро шунида, ҷон гирифт ва чизе нагуфта, табарро гирифту кундаро майда кард.
Аз ҳамин рӯз сар карда, духтару лаванд дар хонаи пиразан машғули кор шуданд.
Лаванд оҳиста-оҳиста меҳнаткаш шуда монд. Дид, ки меҳнат роҳат дорад, каси меҳнатдӯстро ҳурмат мекунанд. Ақли ӯ аз танбалӣ кунд шуда буд. Ҳамин ки аз паи кор шуд, ақлаш ба ҷояш омад, кордон шуд. Духтари доно ба вай ҳар чизро мефаҳмонд, вайро аз тартиби зиндагӣ бохабар мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё