Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Ҳамин хел духтари доно дурустии гапашро исбот карда, ба муроду мақсадаш расид1.
Хонандагони азиз, аз танбаливу бекорхоҷӣ бипарҳезед. Шахси меҳнатдӯстро ҳамагон эҳтиром мекунанд ва одами ҳалолкор миёни мардумон обрӯманд аст.
КАМИНАИ ХИРАДМАНД
ВА БОЙИ ЗОЛИМ
(Афсонаи халқи туркман)
Дар замонҳои қадим хирадманде бо номи Камина зиндагӣ мекард. Як шаб Камина ба деҳае расид ва барои гузаронидани шаб дари хонаи бойи деҳаро кӯфт. Бой ба либосҳои фақиронаи Камина нигариста, дари хонаро ба рӯйи ӯ сахт пӯшонид. Баъд Камина ба сӯйи кулбаи фақиронаи назарногире роҳ пеш гирифт. Соҳибони хона ӯро хуш пазируфтанд. Камина дид, ки дар болои оташдон деге меҷӯшад. Ӯ сахт гурусна буд ва аз дидани деги ҷӯшон хурсанд шуд. Вале соҳибони хона ба пеши ӯ дастархон накушоданд, ҳатто фарзандони онҳо гурусна хоб карданд. Ин кор
1 Тазкираи адабиёти бачагон, ҷилди 4.– Д.: «Маориф», 1982. – с. 275- 279.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё