Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Рӯзи сеюм ҳам лаванд ҳамон хел начунбида, мехобид. Духтарак нонро ба шохи поёнии дарахт овехту ӯро бедор карду гуфт:
– Хез, ана нон, гирифта хӯр!

Лаванд нигоҳ кард, ки нон аз ӯ дур, дар шохи дарахт овехтагӣ. Вай ба таги дарахт хазида рафт. Дасташро дароз кард, дасташ нарасид. Боз онтарафтар хазида, дасташро дароз кард, гирифта натавонист. Ноилоҷ аз ҷояш хеста нонро гирифт. Духтарак нони дуюмро дар шохи болотар овехта, ба хонаи кампир гашта рафт.

Лаванд ноилоҷ ба дарахт баромада, нонро гирифта, ҳарисона хӯрд.

Духтарак рӯзи дигар нонро ба рӯи санги сари роҳ гузошта, гуфт:
– Нон, ана ҳо дар рӯи он санг, рафта гир!

Лаванд аз ҷояш хеста, пойҳояшро базӯр кашола карда, ба сӯи санг равона шуд. Духтарак нонро гирифта боз ҳам дуртар гузошт. Лаванд аз паси нон кашола шуда мерафт. Баъд духтар нонро гирифта, ба бағалаш андохту гуфт:
– Гушна мондӣ?
– Ху-ху, – гуфт лаванд нимғурма.

пешина
аз 87
навбатӣ