Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ҳамсоя бираванд. Доно розӣ шуд ва онҳо ба роҳ даромаданд. Дар роҳ аз пешашон Харгӯш баромад. Аз Харгӯш хоҳиш карданд, ки дар кори онҳо қазоват бикунад. «Ман розӣ», – гуфт Харгӯш.
Доно ва Нодон воқеаи рӯйдодаро нақл карданд.
Харгӯш нақли онҳоро гӯш кард, вале аз чӣ бошад, ки бетоқату саросема шуд. «Ба ёдам расид, ки ман
кори заруре дорам, –гуфт
ӯ, – ман ба кори шумо
субҳгоҳон, ҳафт рӯз пас
қазоват мекунам. Пас аз
ҳафт рӯз худам ба
деҳаатон меоям. Дар ин
рӯз шоҳидонро ҳам
даъват кунед».
Рӯзи ҳафтум ҳамин ки нурҳои офтоб аз паси кӯҳ намудор шуданд, Нодону Доно бо ҳамаи бошандагони деҳа ҷамъ омаданд ва Харгӯшро интизор буданд. Офтоб соат ба соат баландтар мерафт. Рӯз нисф шуд. Аз Харгӯш дарак набуд.
Вақти аср ҳам Харгӯш наомад. Вай танҳо бегоҳирӯзӣ пайдо шуд. Азбаски Харгӯш то имрӯз ҳеч гоҳ аҳдшиканӣ намекард ва ба қавлаш вафодор буд, бошандагони деҳа сабаби дер омаданашро пурсиданд, гарчанде ба қози ин гуна савол додан аз рӯйи одоб нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё