Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

«Узр мехоҳам, - гуфт Харгӯш, - ман ба сабаби рӯй додани як воқеаи фавқулода дер мондам. Субҳгоҳон вақте ба деҳаи шумо раҳсипор шудам, дар миёни дарё ҷазираи аз қум пайдошударо дидам, ки бо алангаи баланд месӯхт. Тамоми рӯз ман дар ин сабади аз чӯб бофташуда об кашонда алангаи оташро хомӯш кардан мехостам».

Доно, ки худро нисбат ба дигарон зирактар медонист ва аз ин ифтихор ҳам мекард, пай бурд, ки Харгӯш ҳушёриву зиракии сокинони деҳаро санҷида истодааст. «Қозии мӯҳтарам, — бо писханд гуфт вай, — чӣ гуна метавонад ҷазира - регзор ва боз дар мобайни дарё бисӯзад? Оё дар сабад об гирифтан мумкин аст? Ин кор ғайриимкон ва бовар кардани нест». «Гапатон ҳақ аст, – оромона ҷавоб дод Харгӯш. – Чӣ гуна метавонад гов кура ва модиён гӯсола бизояд. Ин кор ҳам ғайриимкон аст. Гӯсолаатро бигиру кураро ба ҳамсоят баргардон». Сокинони деҳа амри Харгӯшро маъқул донистанд ва аз ин пас барои ҳалли баҳсу мунозираҳояшон ӯро даъват мекарданд.1

1 Проделки хитрецов. - Москва, 1978. – с. 163 – 164.

пешина
аз 87
навбатӣ