Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ХАРГӮШ – ҚОЗӢ
Дар як замоне ду ҳамсоя мезистанд: Доно ва Нодон.
Доно модагов, Нодон модиён дошт. Шабе модагови Доно гӯсола зоид. Дар ҳамин шаб модиёни Нодон кура кард. Доно хушёрхоб буд: вай баоси гӯсола ва шиҳаи кураро шунид. Чарогро гирифта ба оғили Нодон рафт ва дид, ки он ҷо торик аст. «Аҳа, - фикр кард ӯ, - ҳамсоям бедор нашудааст!...» Доно гӯсоларо ба саисхонаи ҳамсояаш овард, кураро ба оғили худаш бурд. Баъди иҷрои ин корҳо ба хоб рафт.
Рӯзона Доно дар деҳа гашта, ба ҳама аз воқеаи аҷоиб ва ғайриодӣ - кура кардани говаш нақл мекард. Аҳли деҳа дар назди дари оғили ӯ ҷамъ шуда, ба кура чашм медӯхтанд. Нодон дар саисхонааш гӯсоларо дида, ҳилаву найранги ҳамсояашро пайхас карда, ба хонаи ӯ давида омад. Доно ҳама гуфтаҳои ӯро рад мекард ва мардумро бовар мекунонд, ки кура кардани гови ӯ мӯъҷизаи табиат аст.
-
Хуб, бигзор ин мӯъҷиза бошад, аммо барои чӣ дар саисхонаи ман гӯсола хобидааст - пурсид Нодон.
-
Ин ҳам мӯъҷизаи табиат аст, - ҷавоб дод Доно.
Нодон ба ҳамдеҳагонаш муроҷиат кард, аммо дар ҳалли ин муаммо онҳо оҷиз буданд ва ба баҳсашон ҳамроҳ шудан намехостанд. Нодон ба Доно пешниҳод кард, ки ба назди қозӣ ба деҳаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё