Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ПУЛИ ҲАЛОЛ
(Афсонаи гурҷӣ)
Марде писари танбале дошт. Вай кор кардан намехост. Падараш ӯро мехӯронд, мепӯшонид. Оҳиста-оҳиста мард ба синни пирӣ расид, дар бистари беморӣ хобид. Занашро даъват карду гуфт:
– Ҳамаи дороиямро ба ягон шахси бегона васият мекунам, ба писарам чизе намедиҳам, вай танбалу бекорхӯҷа аст, як тини сиёҳ даромад карда наметавонад.
Модар аз ин гуфтаи шавҳараш ранҷид, ӯ писарашро тарафгирӣ карду гуфт:
– Чӣ хел вай ягон тин даромад карда наметавонад?!
Шавҳараш ҳамоно аз қавлаш намегашт:
– Хӯб, агар битавонад, бигузор рафта ақаллан як сӯм даромад бикунад, тамоми дороиямро ба ӯ мебахшам.
– Бисёр хуб, – гуфт зан.
Вай ба назди писараш рафта ба ӯ як сӯм доду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё